Дар Екатеринбург муҳоҷири тоҷик ба халокат расид

Октябрь 24, 2011 14:52

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 22 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург ҳодисаи мудҳиш ба амал омад, ки дар натиҷаи он шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ  дар сохтмони маҷмааи истиқоматии «Аврора»,  воқеъ дар кӯчаи Соболев бо сабабҳои номаълум крани борбардори сохтмонӣ  аз баландии 14 метр чаппа шуда, ба болои дастгоҳи омехтакунии бетон афтодааст, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон – Амиралӣ Сайвалӣ Шарифзодаи 20-сола, сокини ноҳияи Қубодиён ба ҳалокат расида, шаҳрванди дигар Араш Азизови 25-сола, сокини шаҳраки Лучоби ноҳияи Варзоб аз пояш ҷароҳат мебардорад ва дар айни замон дар беморхона бистарист.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Екатеринбург перомуни далелҳои ҳодисаи нохуш парвандаи ҷиноӣ боз намудааст ва тафтишот ҷараён дорад. Як сабаби фоҷиаро риоя накардани қоидаҳои бехатарии техникӣ медонанд.    Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Шоҳназар Таваров чанде қабл бо роҳбарони иншооти сохтмонии мазкур мулоқот кард. Директори иҷрокунандаи ширкати сохтмонии ҶДММ «Инвест Строй Юг» Надежда Митяева гуфтааст, ки ширкат ба оилаи ҳалокшуда дар ҳаҷми ним миллион рубл ҷубронпулӣ пардохта,  тамоми хароҷоти ба ватант фиристодани ҷасади ӯро низ ба ӯҳда мегирад.

Октябрь 24, 2011 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд