Дар вилояти Суғд ба 615 нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок дода шуд

Октябрь 14, 2011 11:43

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Мувофиқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» соли 2011 додани қарзи имтиёзнок барои 658 нафар шаҳрвандони бекор пешбинӣ гардидааст.Аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои таъсиси ҷойи кори иловагӣ ва рушди соҳибкории хурд дар нӯҳ моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва маблағҳои аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират воридгашта ба 615 нафар шаҳрвандони бекори хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ дошта қарзи имтиёзнок дода шуд, ки аз нақшаи солона зиёд мебошад.Бояд гуфт, ки ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 163 нафар зиёд буда ва иҷрои нақшаи солона 93,4 %-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзи имтиёзноки ба шаҳрвандон додашуда  як миллиону 458 ҳазору 100 сомонӣ буда, ба як нафар қарзгиранда ба ҳисоби миёна қариб з ҳазор маблағ рост меояд.

Октябрь 14, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ