Даргузашти нависандаи маъруф Ю. Акобиров

Октябрь 12, 2011 11:35

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). —  Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии давлатии ба номи Рӯдакӣ Юсуф Акобиров дар синни 75-солагӣ  аз олам даргузашт.Нависандаи маъруф Юсуф Акобиров 1 октябри соли 1937 дар деҳаи Соктареи вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай соли 1959 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, чанд муддат дар вазифаҳои мудири  шӯъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», солҳои 1960-61 донишҷӯи курси олии филмноманависон дар Маскав, ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», котиби масъули моҳномаи «Садои Шарқ», котиби масъули Кумитаи давлатии мукофоти адабии Тоҷикистон фаъолият кардааст.Юсуф Акобиров соли 1958 драмаи  «Рӯдакӣ»-ро навишт, ки  онро Театри давлатии Хуҷанд ба саҳна гузошт.Ю. Акобиров муаллифи повестҳои «Вақте  ки осиё бозмонд» (1963), «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам» (1964), «Балоғат» (1965), китоби очерку ҳикояҳои «Кандақ гул кард» (1965),  «Осмони соф», «Садриддин Айнӣ», романҳои «Замини падарон» (1974), «Норак» (1979), «Водии муҳаббат», (1980) мебошад.Аз рӯи асарҳои «Вақте ки  осиё бозмонд» ва  «Балоғат» филмҳои бадеӣ офарида шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки аксари повесту романҳои Ю. Акобиров дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ва шаҳрҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёд ба табъ расидааст. Асарҳои ҷудогонааш бо забонҳои халқҳои ҷаҳон чоп шудаанд.Соли 1980  ба дарёфти Ҷоизаи адабии давлатии Рӯдакӣ, ҳамчунин Ҷоизаи адабии  Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидааст. Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагон буда, бо якчанд нишон ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Октябрь 12, 2011 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад