Даъвати Ҳ.Зарифӣ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи осиёии ҳамкорӣ суханронӣ кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, роҳбари ВКХ Тоҷикистон зимни суханрониаш, аз ҷумла, таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ва роҳҳои баромадан аз он, имконияти сармоягузорӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ба нафъи кишварҳои Осиёро зикр намуда, ҳамчунин таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба масоили технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт ва муҳити зист ҷалб кард.Дар ҷараёни машварат ҷониби Кувайт пешниҳод намуд, ки соли 2012 Ҳамоиши кишварҳои Осиё доир карда шавад, ки дар он иштирокдорон метавонанд, проблемаҳои мухталифи кишварҳои минтақаро мавриди муҳокима қарор диҳанд.Ҳамрохон Зарифӣ дар хотимаи суханрониаш кишварҳои иштироккунандаро ба мулоқоти 11 – уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи осиёии ҳамкорӣ даъват намуд, ки он бояд соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






