Э. Раҳмон маҷмааи нави варзиширо ифтитоҳ намуд

Октябрь 14, 2011 17:29

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Нимаи дуюми имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи нави варзишӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуд. Масоҳати умумии варзишгоҳи мазкур 2 гектар буда, калонтарин варзишгоҳ дар кишвар ба шумор меравад. Он аз як толори калон ва чор толори хурди варзишӣ иборат буда, бо маблағи қариб 19 миллион сомонӣ тибқи супориши Сардори давлат аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ сохта шудааст. Дар варзишгоҳ толори фитнес барои занон, толори машқи бадан барои мардон, толорҳои тенниси рӯи мизӣ ва шоҳмот ҷойгиранд. Сохтмони варзишгоҳи мазкур 2 феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, он пас аз нӯҳ моҳ мавриди истифода қарор гирифт.Сарвари давлат зимни суханронӣ дар варзишгоҳи мазкур зикр намуд, ки бо иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ин бинои боҳашамат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар ҳамчунин ба онҳое, ки дар бунёди ин бино саҳм гузоштаанд, изҳори минатдорӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар ба варзиш машғул шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки: «Ҳукумати ҶТ тамоми имкониятҳои худро барои рушди варзиш дар кишвар равона мекунад. Аз ҳисоби Ҳукумати ҶТ барои «Барномаи рушди варзиш» ва «Барномаи рушди футбол» 400 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст». Президент изҳори хушнудӣ намуд, ки солҳои охир варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медалҳои тилло ва нуқра мегарданд. Сарвари давлат дар ин ҷамъомад ба варзишгари ҷавон Анвар Юнусов, ки дар мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба бокс дар ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуда мақоми сеюмро ба даст овард ва ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт, калиди мошини сабукравро тӯҳфа намуд. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2010 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони ҷумҳурӣ аз соҳибкорони ватанӣ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли ҷавон ҳисса гузошта, барои онҳо варзишгоҳҳо бунёд намоянд, то ки ҷавонон ба ин восита рӯй ба варзиш-солимӣ ва зебоӣ оварда, аз рафтори бад ва падидаҳои номатлуби ҷомеа парҳез намоянд.  

Октябрь 14, 2011 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид