Гомҳои нав дар равобити Тоҷикистону Британия

Октябрь 18, 2011 10:16

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Нимаи дуюми рўзи 17 октябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данкан мулоқот намуд.Пас аз мулоқот  вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ Алан Данкан андешаҳояшро ба хабарнигорони ВАО  чунин баён намуд:  «Ман имрӯз бо Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сӯҳбати бисёр пурмӯҳтаво  доштам. Бо истифода аз фурсат ман Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфтам.   Ман зимни сӯҳбат ба Ҷаноби Олӣ гуфтам, ки Британияи Кабир ва  вазорати рушди  давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ омодаанд, ки тӯли солҳои оянда фаъолияти худро бо Тоҷикистон густариш диҳанд»Ҳамчунин Ҷаноби Олӣ аз сафири Британияи Кабир, ки  тӯли се сол  дар Тоҷикистон ба ҳайси сафир хизмат кардаанд, аз хизмати онҳо ва саҳми онҳо дар рушди муносибатҳо изҳори миннатдорӣ карданд. «Масоили рушди муносибатҳои савдоро байни ду кишвар баррасӣ намудем. Бояд гуфт, ки рушди муносибатҳои тиҷоратӣ  дар дохили кишварҳои минтақа ҳамчун омили хуби  кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳамчунон дурнамои ин муносибатҳо мебошад. Мо омода ҳастем ворид гаштани Тоҷикистонро ба Созмони байналмилалии савдо ҳамаҷониба дастгирӣ кунем», — гуфт вазири Британия.Ҳамчунин вазъи Афғонистон низ ҳангоми сӯҳбат бо Ҷаноби Олӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Бунёди сулҳи комил дар Афғонистон, ки ин бунёд то кадом андоза муҳим аст, барои амният ва субот дар  Афғонистон ва Тоҷикистон низ табодули назар шуд.  «Ман пагоҳ ният дорам, ки ба қисматҳои дигари кишвар сафар кунам, чунки дар он ноҳияҳо барномаҳое ҳаст, ки аз ҷониби барномаи рушди байналмиллалӣ дастгирӣ мешаванд ва  амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин пагоҳ мо ният дорем, ки ба қисмати ҷануби Тоҷикистон то ба  сарҳади Афғонистон сафар кунем. Ин субҳ низ мо як қатор вохӯриҳои биёр муфид доштем,  аз ҷумла бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», — тазаккур дод Алан Данкан.Мехостам аз фурсат истифода бурда ба Ҷаноби Олӣ ва Ҳукумати ҶТ барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намоям. Умедвор ҳастам, ки ин  сафари ман ба Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир мусоидат хоҳад намуд.Мавриди зикр аст, ки Алан Данкан якумин вазири баландмартабаи Британияи Кабир аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад.  

Октябрь 18, 2011 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд