Иҷроиш Буҷаи давлатӣ дар кадом поя аст?

Октябрь 25, 2011 16:56

Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҷои баҳс нест, ки дар татбиқи сиёсати буҷа,  баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ масъалаи муҳим буда, аз ин рӯ, дар доираи стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷавӣ масъалаи афзалиятнок ба шумор меравад». Ин нуктаро Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 25 ноябр зимни баргузории муҳокимаи парлумонии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар 9 моҳи соли 2011 баён кард. Мавсуф таъкид кард, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд, буҷаи давлатаст. Ва вазифаи тамоми мақомоте, ки аз буҷа маблағгузорӣ мешаванд, аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷавӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд. А.  Миралиев баргузории муҳокимаи парлумониро дар ошкор кардани камбудию норасоӣ, хусусан омилҳои манфие, ки садди роҳи иҷрои сифатноки буҷаи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо арзёбӣ намуд. Бояд зикр кард, ки тибқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон палатаи поёнии парлумон ҳуқуқи назорати ҷараёни  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷаи давлатӣ»-ро дошта,  баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи мавзӯъ тавассути муҳокимаҳои парлумонӣ сурат мегирад.Дар муҳокимаи парлумонӣ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳои марбута иштирок доштанд. Дар фарҷом вакилон қарор ва тавсияҳоро роҷеъ ба масъалаи зикршуда қабул намуданд.

Октябрь 25, 2011 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид