Ифтихорномаҳои фахрӣ ба арбобони фарҳанги Тоҷикистон
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 4 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалӣ таҳти унвони «Донишкадаҳои олии фарҳангу санъат дар муҳити маърифатии ҷаҳон. Тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат: анъанаҳои миллӣ ва тамоюлҳои муосир» баргузор гардид, ки он ду рӯз идома ёфт. Дар маҷлиси умумӣ маросими супоридани ифтихорномаҳои фахрӣ ба ходимони машҳури илм, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷумла, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини ӯ Фароғат Азизӣ, Марҳабо Ҷабборова, президенти Академияи фарҳанг Ирина Каримова, ректорҳои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Муҳаммадюсуф Имомов, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Раҷабмад Амиров, Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода Аслиддин Низомов бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ифтихорномаҳоро аз номи «Россотрудничества» роҳбари ин ташкилоти бонуфуз Фарид Муҳаммедшин супорид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






