Ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати «Зарбдор»

Октябрь 18, 2011 17:23

 Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).- Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов сафари кории худро аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишкадаҳои олии шаҳри Кӯлоб оғоз намуд. Вай зимни сафари хеш асосан ба масъалаи таълиму тарбия ва тайёрӣ ба зимистони соли 2011 -2012 таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Баъди шиносоӣ бо вазъи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ вазир дар Донишкадаи давлатии ба номи Рӯдакии  шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ гузаронид. Дар ҷаласа масъалаҳои   амалӣ гардонидани стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни баланд бадоштани савияи донишандӯзӣ ва маърифати ҷавонон матраҳ гардид. Сипас дар ҷамоати «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки вазири маориф мактаби нави замонавӣ кушода шуд. 

Октябрь 18, 2011 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ