Имкони таъсиси намояндагии афсарони алоқаи Афғонистон дар Тоҷикистон

Октябрь 25, 2011 15:00

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Зимни сафари муовини вазири умури дохилии Афғонистон Бозмуҳаммад Аҳмадӣ ба Тоҷикистон миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон АНМН ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар нишасти хабарӣ директори АНМН изҳор дошт, ки дар протокол ташкил ва баргузории амалиёти муштарак ва чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва омодасозии кадрҳо пешбинӣ шудааст.Р. Назаров ҳамчунин зикр кард, ки дар протокол имкони таъсиси намояндагии афсарони алоқаи Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон низ пешбинӣ гардида, перомуни таҳияи созишномаи дахлдор дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст, ки ба имзо расидани он аввали соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 25, 2011 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад