«Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ»

Октябрь 10, 2011 17:03

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Рӯзҳои 12-13 октябри соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар меҳмонхонаи «ҲАЯТ-Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ»-ро  баргузор менамояд. Дар вохӯрӣ Роҳбари Департаменти Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ оид ба Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ, муовини сардори шӯъбаи Институтҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қирғизистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Муғулистон, Роҳбари Департаменти Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Роҳбари Департамент оид ба пешгирӣ ва мониторинги Идораи ҳуқуқи инсони Гурҷистон ва дигар шахсони расмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамоянд. Дар семинари мазкур рушди низоми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа, талаботи асосӣ ба Институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бо СММ, сохторҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мавриди муҳокима  қарор мегиранд.

Октябрь 10, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд