Интихобот дар ҳавзаи Шоҳмансур

Октябрь 17, 2011 11:46

Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 18 декабри соли 2011 дар ҳавзаи  якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3  интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида мешавад. Дар ин хусус Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, ки 17 октябр таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ  баргузор гардид, қарор қабул кард.Дар ҷаласа ҳамзамон, тақвими чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани  интихоботи вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ивази вакили хориҷшуда  дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3  тасдиқ гардид. Тибқи он Комиссияи ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда,  пешбарии номзадҳо аз 19 октябр шурӯъ гардида, 3 ноябр  анҷом меёбад. Бақайдгирии номзадҳо муддати як моҳ,  қабл аз интихобот оғоз гардида, то 19 ноябр идома меёбад. Интихобкунандагон дар ҳавзаю комиссияҳои интихоботӣ 18 декабри соли 2011  аз соати 6. 00 то 20. 00 раъй медиҳанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот баъд аз 24 соат, яъне 19 декабри  соли 2011 эълон мешаванд.Бояд тазаккур дод, ки 12 октябри соли 2011 бо Қарори Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо сабаби вафоташ пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Аз ин рӯ,  дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 интихоботи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази  вакили хориҷшуда гузаронида мешавад.

Октябрь 17, 2011 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад