Интихобот дар ҳавзаи Шоҳмансур
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 18 декабри соли 2011 дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида мешавад. Дар ин хусус Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, ки 17 октябр таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор гардид, қарор қабул кард.Дар ҷаласа ҳамзамон, тақвими чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 тасдиқ гардид. Тибқи он Комиссияи ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда, пешбарии номзадҳо аз 19 октябр шурӯъ гардида, 3 ноябр анҷом меёбад. Бақайдгирии номзадҳо муддати як моҳ, қабл аз интихобот оғоз гардида, то 19 ноябр идома меёбад. Интихобкунандагон дар ҳавзаю комиссияҳои интихоботӣ 18 декабри соли 2011 аз соати 6. 00 то 20. 00 раъй медиҳанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот баъд аз 24 соат, яъне 19 декабри соли 2011 эълон мешаванд.Бояд тазаккур дод, ки 12 октябри соли 2011 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо сабаби вафоташ пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Аз ин рӯ, дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансур №3 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда гузаронида мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






