Иштироки Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми 20 — солагии ИДМ»

Октябрь 6, 2011 10:47

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Анқара мусобиқаи футболбозӣ барои дарёфти «Ҷоми 20 – солагии ИДМ» баргузор гардид.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Дар мусобиқа дастаҳои футболи сафоратҳои кишварҳои аъзои ИДМ- и муқими Туркия иштирок намуданд. Дар даври якуми мусобиқа дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон дастаҳои Украина, Қирғизистон ва Туркманистонро бо ҳисоби калон мағлуб сохт. Дар қисми финалии мусобиқа дипломатҳои тоҷик бо дастаи футболи Сафорати Русия қувваозмоӣ намуда, бозӣ бо ғалабаи дипломатҳои Русия анҷом ёфт. Дар натиҷа дипломатҳои Русия соҳиби «Ҷоми 20 – солагии ИДМ» гардиданд. Ҷойи дуюм насиби дастаи футболи Сафорати Тоҷикистон гардид. Сафорати Қазоқистон мақоми сеюмро касб намуд.

Октябрь 6, 2011 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд