Истифодаи инвеститсияҳо дар Тоҷикистон

Октябрь 19, 2011 15:58

Душанбе, 19  октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). – Тайи  моҳҳои январ  — сентябри  соли  равон дар  Тоҷикистон инвеститсияҳо аз  ҳисоби  ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ баробари  3  миллиарду  100 миллион  сомонӣ    истифода  шудаанд, ки  ин  назар   ба  ҳамин  давраи  соли  2010 — ум  110, 4  фоиз  зиёд  аст.Мувофиқи  маълумоти Агентии  омори  назди  Президенти  ҶТ, энергетика, ки  вазни  қиёсиаш  27,7  фоизи  ҳаҷми  умумии   инвеститсияҳои   истифодашударо  ташкил  медиҳад,  намуди  бартаридоштаи  фаъолият  маҳсуб  мешавад. Барои  эъмори  нерӯгоҳҳои  барқӣ  903 миллиону  500 ҳазор  сомонӣ  истифода  шудааст. Аз  ҷумла,  барои  бунёди НОБ Сангтӯда  — 1, ки  сохтмони пурраи он дар  марҳилаи  анҷомёбист,  7 миллиону 200 ҳазор  сомонӣ  сарф  шудааст. Ғайр  аз ин  барои  бунёди НОБ Роғун  619  миллиону  100 ҳазор  сомонӣ  сарф гардидаст, ки  назар  ба  дараҷаи  соли гузашта  232  миллион  сомонӣ  зиёд  аст.  Дар  ҳамин  давра дар  иншоотҳои тайиноти  истеҳсолӣ  инвеститсияҳо  ба  маблағи  беш  аз  як  миллиарду  700 миллион  сомонӣ  истифода шудааст, ки  56,61  фоизи  ҳаҷми  умумии  инвеститсияҳои  ҷумҳуриро  ташкил  медиҳад.

Октябрь 19, 2011 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон