Изҳороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Вақтҳои охир дар васоити ахбори оммаи баъзе кишварҳои минтақа маълумоти таҳрифомез дар мавриди лоиҳаи бунёди НОБ Роғун паҳн карда мешавад. Бояд мавқеи тағйирнопазири роҳбарияти Тоҷикистонро дар мавриди он қайд намуд, ки татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал анҷом додани сохтмони НОБ Роғун бо назардошти манофеи умумимиллӣ ва минтақавӣ сурат гирифта, Тоҷикистон тайёр аст, ки дар ин масъала бо ҳамсояҳояш ба таври зичтарин ҳамкорӣ намояд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, аз минбарҳои иҷлосияҳои 63 ва 64 — уми Ассамблеяи Генералии СММ, ҳамчунин ҳамоиши Копенгаген аз рӯи масъалаи тағйири иқлим ва форумҳои дигари байналмилалӣ перомуни масъалаи об тӯли солҳои охир дар ин бора изҳорот дода буд. Имконияти техникӣ, судмандии иқтисодӣ, амнияти экологии НОБ Роғунро борҳо санҷиданд ва ин лоиҳа ягон маротиба баҳои манфӣ нагирифта буд, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи нек ва саъю кӯшишҳо барои анҷом додани гуфтугӯи ошкорову шаффоф бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро нишон дода, аз Бонки Умумумиҷаҳонӣ, ки ба ҳайси сохтори ваколатдори СММ пешниҳод гардидааст, хоҳиш намуд, ки боз як таҳқиқи мустақили байналмилалии лоиҳаи анҷоми бунёди НОБ – ро гузаронад. Ҷавобан ба ин дархост бо дастгирии Бонки Умумумиҷаҳонӣ асосноккунии техникию иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологию иҷтимоӣ муваффақона сурат гирифта, ҳамзамон ду гурӯҳи коршиносони мустақили байналмилалӣ, яке аз рӯи масъалаҳои дорои хусусияти техникию иқтисодӣ ва бехатарии сарбанд ва дигаре аз рӯи хусусияти иҷтимоию экологӣ кор мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи тадқиқоти зикршуда бо мушовирони байналмилалӣ, гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва аҳли ҷамъияти кишварҳои поёноб самарабахш ҳамкорӣ дорад. Маълумоти зикршуда доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили бехатарӣ, талофият, мӯҳлати бо об пур кардани обанбор, идораи захираҳои об, таъсири иҷтимоию экологиро фаро гирифта, биноан муболиғаҳои паҳнкардаи баъзе ҷонибҳо набояд хавферо ба миён оранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мувофиқа бо мушовирони байналмилалӣ, гурӯҳи коршиносон ва мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтмони тамоми маҷмӯи лоиҳаро баррасӣ менамояд ва сухан дар бораи ягон сохтмони фосилавии марҳилаи аввали НОБ намеравад. Тоҷикистон барои анҷоми муваффақонаи арзёбӣ ба мушовирони байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда ва интизори натиҷаи таҳқиқи байналмилалӣ шуда, ҳамзамон корҳои тармиму таҷдидро дар ҳудуди НОБ Роғун роҳандозӣ мекунад. То имрӯз байни консорсиум ва ҷониби Тоҷикистон ягон ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд надошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри татбиқи лоиҳаи мазкур умуман ҷонибдори аҳду паймонҳои қаблӣ буда, принсипҳои шаффофият ва идораи корпоративиро тарафдорӣ карда, қоидаҳои амалкунандаи Бонки Умумиҷаҳониро риоя менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






