Конститутсия ва рушди қонунгузории миллӣ

Октябрь 25, 2011 13:28

Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ»-  таҳти чунин унвон дар остонаи 17-умин солгарди қабули Сарқонуни асосии кишвар  дар шаҳри Душанбе сӯҳбати мизи мудаввар баргузор мегардад.Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он олимону донишмандони бахши ҳуқуқ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ  даъват шудаанд.Аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар сӯҳбати мизи мудаввар иштирокчиёни он доир ба мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон,  нақши Маҷлиси Олӣ дар инкишофи ҷомеаи демократӣ, асосҳои конститутсионии ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон, асосҳои конститутсионии фаъолияти соҳибкорӣ, суди конститутсионӣ ҳамчун кафили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар менамоянд. Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари  соҳибистиқлол гардидан 6 ноябри соли 1994 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Ба Сарқонуни асосии ҷумҳурӣ ду маротиба -26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  миллати тоҷик санади сарнавиштсоз ва муқаддас буда,  нақши он дар тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон  бузург аст.

Октябрь 25, 2011 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ