Коргоҳҳои хусусӣ манбаи ҷойҳои нави корианд
Хоруғ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар боби бо ҷои кор таъмин гардидани сокинони ВМКБ ҳиссаи корхонаҳои хусусиву саҳҳомӣ кам нест. Тавре муовини садри раёсати андози вилоят Барзу Орумбеков иттилоъ дод, ҳоло дар вилоят 20 ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшида, 203 ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ва 64 корхонаи хурд ба кайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 2000 нафар кор мекунанд. Ба наздикӣ боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъияти маҳдуди «Хушкор» ба фаъолият оғоз намуд, ки якбора 16 нафарро ба кор қабул намуд. «Хушкор» асосан ба омода гардонидани шиору овезаҳо ва лавҳаҳои зебо, табъу нашр, аз ҷумла чопи даъватномаҳо машғул аст. Ба гуфти яке аз масъулини коргоҳ Назира Дилёбова, то охири сол теъдоди коргарон ба маротиб меафзояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






