Кристина де Киршнер такроран президент интихоб шуд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 23 октябр дар Аргентина интихоботи президент баргузор гардид, Васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ба маълумоти идораҳои расмӣ истинод карда, хабар медиҳанд, ки дар интихобот президенти амалкунанда Кристина Фернандес де Киршнер ғалаба кардааст. Номбурда на камтар аз 55 фоизи овозҳоро ба даст оварда, аз ҳарифи наздиктарини худ хеле пеш гузаштааст.