Лоиҳаи стратегияи миллии рушди омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2011 15:09

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси байналмилалие, ки Агентии омори назди Президенти ҶТ бо иштироки роҳбари гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Мустафо Динч ва намояндагони омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва коргузорони байналмилалӣ  баргузор  намуд,  лоиҳаи «Барномаи  ягонаи бисёрсолаи омор барои солҳои 2012 — 2016» — и ҶТ мавриди муҳокима қарор ёфт. Дар кори конфронс директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева, роҳбари гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Мустафо Динч, ҷонишини директори Агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Норов, сардори Раёсати Агентии омор Татяна Гукасова доир ба барномаи мазкур суханронӣ намуданд.Директори Агентии омор Бахтия Муҳаммадиева иброз дошт, ки стратегияи миллии рушди омор (СМРО) нақшаи дуюми панҷсолаи стратегӣ буда,  дар асоси татбиқи бомуваффақияти Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор (БЯБО) барои солҳои 2005 – 2009 амалӣ гардид. Барномаи бисёрсолаи дуюм бо мақсади инъикоси фарогирии васеи стратегияи миллии омор (СМО), Стратегияи миллии рушди омор (СМРО) ном гирифт.Ба гуфти Б.Муҳаммадиева, истифодабарандагони омор дар Тоҷикистон аз татбиқи (БЯБО) –и якум бо дастрасӣ ва сифати маълумоти оморӣ изҳори қаноатмандӣ намуда бошанд ҳам, Агентии омор ва дигар ташкилоти барои истеҳсоли маълумоти оморӣ ва иттилоотии маъмурӣ  масъул,  бояд корҳои бештареро анҷом медоданд, аммо  барои он таъмир, такмил ва ивази дастгоҳҳои кӯҳнашуда   маблағи зиёдеро дар ҳаҷми 13 млн. доллари амрикоӣ талаб мекунад, ки пайдо намуданги он танҳо  тавасссути донорҳо мумкин аст.Роҳбари гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Мустафо Динч ба лоиҳаи «Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор барои солҳои 2012 — 2016» — и ҶТ баҳои баланд дода,  онро беҳтарин барнома миёни барномаҳои тарҳрезишудаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) номида, чун намуна барои истифода ба давлатҳои дигари барномасоз тавсия намуд.        Агентии омор дар фаъолияти худ маълумоти ҳаррӯзаро аз Вазорати молия, Бонки миллӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз, Вазорати нақлиёт, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва дигар вазорату идораҳо ва муассисаю хоҷагиҳо ба даст оварда, онро таҳлил менамояд, ки  ин кори ниҳоят заҳматталаб ва зарурӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар маҳсуб меёбад. Агентӣ баргузории чунин конфронсро  рӯзҳои наздик доир карданист, ки  махсус  барои кормандони ВАО пешбинӣ мегардад.

Октябрь 17, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид