Лориҷонӣ озими Душанбе мегардад

Октябрь 17, 2011 14:50

Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Алии Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон 20 октябр бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Тоҷикистон меояд.Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе, ҳадафи сафари Алии Лориҷонӣ ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон аст.Интизор меравад, ки Раиси парлумони Эрон зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Раисони палатаҳои парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои марбут ба минтақаро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, Раиси  парлумони Эрон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо олимону донишмандони тоҷик вохурӣ менамояд.Вохӯрии Алии Лориҷонӣ бо эрониёни муқими Душанбе низ дар назар дошта шудааст.

Октябрь 17, 2011 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ