Мақомоти амният – барандаи Ҷоми мусобиқа

Октябрь 12, 2011 11:28

Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз 1 то 11 октябри соли ҷорӣ бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Хумдин Шарипов дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Душанбе миёни дастаҳои футболи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ мусобиқаи футбол баргузор гардид.  Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Горди миллӣ, Прокуратураи генралӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Пас аз вохўриҳои пуршиддат ва ҷолиби диққати даврагӣ 4 даста — дастаҳои футболи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ба давраи нимниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Натиҷаи бозиҳо нишон дод, ки футболбозони дастаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ нисбат ба ҳарифони худ ба ин мусобиқа омодагии хуб дидаанд. Ин буд, ки онҳо бар ҳарифони худ ғолиб омада, ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рўзи 11 октябри соли 2011 дар варзишгоҳи «Спартак» бозии дастаҳои футболи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Прокуратураи генералӣ барои ҷойи сеюм баргузор гардид. Дар вақти асосии муайяншуда бозӣ мусовӣ анҷом ёфт, вале пас аз зарбаҳои ёздаҳметра ҷойи сеюм насиби дастаи футболи Прокуратураи генералӣ гардид.Вохўрии ниҳоӣ бо иштироки дастаи футболи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ басо ҷолиб ва хотирмон гузашт. Тамошобинон аз ҳуҷумҳои пайдарпайи футболбозони ҳарду даста ва техникаи бозӣ қаноматманд шуданд. Ин вохўрии шавқовар бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ анҷом ёфт.Ҳамин тавр, қувваозмоии имсолаи дастаҳои футболи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ вазири корҳои дохилии ҶТ генерал — полковник Ҳ. Шарипов бо пирўзии ду дастаи як сохтор ба охир расида, Ҷоми мусобиқотро Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба даст овард.Маврид ба зикр аст, ки маҳорати хоса, тамринҳои пайваста ва муттаҳидии бозингарони дастаҳои футболи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ имкон дод, ки ин дастаҳо дар ҳама қувваозмоиҳо пирӯзӣ ба даст оварда, мақомоти амният ба гирифтани Ҷоми мусобиқа сазовор шавад. Бояд гуфт, ки омодагӣ ва бозии ҳамаи дастаҳо дар ин мусобиқа аз он шаҳодат медод, ки ҳайати ин дастаҳо дар баробари иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузоштаи мақомот, инчунин ба варзиш ҳам машғул буда, дар ин самт низ чустию чолокӣ ва маҳорати касбӣ нишон медоданд.       

Октябрь 12, 2011 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ