Маҷмааи варзишӣ -макони варзиш ва саломатӣ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Дар доираи ташаббусҳои созандаву бунёдкорона имрӯз боз як маҷмааи замонавии варзишӣ, ки бо иқдоми ватандӯстонаи роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардории сокинони пойтахт, махсусан варзишгарон ва наврасону ҷавонон қарор дода шуд.Дар даврони истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он як силсила барномаҳои соҳавӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул карда, пайваста азму талош дорад, ки бо истифода аз имкониятҳо барои инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа шароити заруриро фароҳам оварад. Алҳол дар кишвар беш аз сад варзишгоҳ, зиёда аз ҳазор толори варзишӣ, беш аз чор ҳазор майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 127 мактаби варзишӣ фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки қисме аз онҳо ба таъмиру навсозӣ ниёзманд мебошанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуда, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки доир ба ҳалли масъалаи дар боло зикр шуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуд, ки “барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки аз истеъмоли маҳсулоти тамоку зарари зиёди маънавӣ ва моддӣ мебинанд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Зеро мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар сайёра ҳар сол миллионҳо нафар одамон бо сабаби тамокукашӣ ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратони шуш гирифтор шуда, вафот мекунанд”Маҷмааи варзишие, ки мавриди истифода қарор гирифт, барои 2500 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, бо сарфи беш аз 19 миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.Ин иншооти варзишӣ дорои тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла толорҳои варзиши сабуку вазнин, майдонҳои боксу теннис, волейболу баскетбол ва футболи хурд, утоқҳои кориву истироҳатии мураббиёну варзишгарон, ошхона барои 200 нафар буда, таҷҳизоти компютерии он ба шабакаи интернет пайваст мебошад.Баъди пурра ба фаъолият оғоз намудани он зиёда аз 150 ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад. .