Маблағҳои ба ғоратрафта барқарор мешаванд
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар натиҷаи санҷише, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ташкилоти буҷавии минтақаи Кӯлоб гузаронид, дар давоми дуним соли охир азхудкунии беш аз 600 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Тибқи супориши муовини раиси вилоят Абдуғаффор Раҳмонов, маблағи ошкоршуда то охири моҳи октябр пурра барқарор ва ба буҷаи вилоят гузаронида мешавад. Агентӣ сабаби ғорат кардани маблағҳои буҷавиро дар мусолиҳакории ревизорони Вазорати молия бо ташкилоти буҷавии минтақаи Кӯлоб медонад. Бо таклифи А.Раҳмонов дар вилоят кушодани курсҳои бозомӯзии муфаттишон ва гузаронидани аттестатсия ҳатмӣ дониста шуд. Тадбирҳои андешидашуда барои беҳбудии кор талаби замон буда ва мақсад аз онҳо ба чунин ғалаткориҳо роҳ надодани аудитҳои мақомоти молия аст. Ба иллати чунин муросокорӣ сардори Раёсати молияи ноҳияи Восеъ равонаи зиндон, мудири шӯъбаи маорифи ҳамин ноҳия ва чанд нафар директори мактабҳои ноҳия аз ҷурми корсозӣ бо мақсади азхудкунии маблағҳои давлатӣ аз тарафи суд маҳкум гардиданд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






