Муҳокимаи лоиҳаи қонун бо ҳузури масъулин

Октябрь 21, 2011 15:56

Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-       «Сиёсати Буҷети  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012  бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ равона гардида, дар он афзалиятҳои муҳими давлатӣ- ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба инобат гирифта шудаанд». Ин матлаб зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», ки 21 октябр дар ҷаласаҳои Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат муҳокима шуд, зикр гардид.Аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни муҳокимаи буҷети давлатӣ барои соли 2012  мушовири калони Президенти мамлакат Хурсандмурод Мирзоев, вазири молия, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сардори хадамоти гумруки назди ҳукумати мамлакат ва дигар намояндагону масъулини вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.Бояд зикр кард, ки дар лоиҳаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2012 тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ, аз қабили даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилоти буҷавӣ  ҷамъ оварда шудаанд.Тазаккур дода шуд, ки буҷаи давлатии соли 2012 пеш аз ҳама барои рушди иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳбуди хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, рушди иқтисодиёт, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва ислоҳоти маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти идораи давлатӣ ва дигар бахшҳо равона карда мешавад.Дар фарҷом лоиҳаи қонун ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.

Октябрь 21, 2011 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид