Муборизаи муштарак алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Октябрь 25, 2011 15:00

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Масоили тақвияти муборизаи муштарак алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбил ва намояндаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон Жан Люк Лемахю баррасӣ шуданд.Тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҳбари агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, чораҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт ва ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар шинос кард.«Ҷонибҳо хусусияти умумии вазъи низомиву сиёсӣ, истеҳсоли маводи мухаддир ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии он дар Афғонистон ҳамчунин масоили баргузории чорабиниҳои муштараки мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистонро низ баррасӣ карданд.

Октябрь 25, 2011 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад