Мулоқоти Э.Раҳмон бо Кенза Робинсон

Октябрь 20, 2011 11:25

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» хонум Кенза Робинсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид (СММ), пеш аз ҳама дар соҳаи об баррасӣ шуд.Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра ба оби тоза изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли оби тоза» эълон шудани соли 2003, даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт» эълон гардидани солҳои 2005-2015, чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об пазируфта шудани соли 2013 ва дар доираи ин ташаббусҳо амалӣ шудани тадбирҳои муассир дар тамоми ҷаҳон натиҷаи ин ҳамкории пурсамар маънидод гардид.Аз ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии кунунии Душанбе оид ба об низ, ки идомаи тадбирҳои қаблӣ аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20), ки дар шаҳри Рио де Жанейрои  Бразилия баргузор хоҳад шуд, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд. Атрофи татбиқи амалии Консепсияи тадоруки чорабиниҳо барои истиқболи соли 2013, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, мавриди пазироии Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» қарор дошт, гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Конфронси ҷамъбастии соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (2013) дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 20, 2011 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд