Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Қасим Фаҳимхон

Октябрь 26, 2011 14:20

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтўда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ карда шуд.Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду кишвар, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хаттҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим таъкид намуд. Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид. Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба  Наврўзи байналмилалии 2012 дар шаҳри Душанбе низ аз мавзўъҳои суҳбат буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 26, 2011 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид