Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ мегардад ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 65 миллион евро дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд. ҳамчунин аз кори пурсамари Шўрои назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фаъолият мекунад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таҷрибаи нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон тариқи ворид гардидан ба сармояи онҳо мавриди пуштибонии Сарвари давлат қарор гирифт. Зимни баррасии Стратегияи нави кишварии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки барои 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Тавсиаи ҳамкорӣ барои дастгирии бештари соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот, пахта, пилла, пашму пўст ва ғайра зарур шумурда шуд. Ян Фишер изҳор дошт, ки минбаъд дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз пешрафти намоёни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави кишварӣ барои 3 соли оянда идома хоҳад ёфт, ќабл аз њама дар соњањои энергетика, бонкњо, бењсозии фазои сармоягузорӣ ва барои татбиќи лоињањои зербиноӣ дар мањалњо. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






