Мунтахаби ҷавонон: Се голи Абдулло Саидов

Октябрь 28, 2011 10:23

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Миллипӯшони мунтахаби ҷавонони то 19 солаи кишварамон дар вохӯрии дуввуми интихобии ҷоми Осиё, ки дар давлати Қатар идома дорад  дастаи мунтахаби Бутанро бо натиҷаи калон  6 бар 0 шикаст доданд. Дар ин бозӣ сармураббии даста Ораз Назаров нисбат ба бозии пешина ҳайати дастаро то 50 фоиз тағир дод. Футболбозони мо дар дақиқаи 20-ум тавассути голи задаи муҳофизатгар Алишер Шарипов ҳисобро кушоданд. Дар қисми дувуми бозӣ ба ҷои Шодмони Тағойзода ба майдон Абдулло Саидов баромад. Бозии бачаҳои мо боз ҳам хубтар шуд ва дар дақиқаи 73-ум ба Фирӯз Раҳматов муяссар гардид, ки ҳисобро афзояд. Дақиқаҳои 81,83 ва 85 барои нимҳимоятгари даста Абдулло Саидов бобарор омаданд. У паи ҳам се тӯбро вориди дарвози футболбозони Бутан зада хетт-трик кард. Голи шашум дар дақиқаи 90+3 аз ҷониби  Шавкат Ҳотам ба нишон расид. Ҳамин тавр футболбозони мо бар ҳарифи на он қадар пурзӯри худ Бутан бо натиҷаи пурголи 6 бар 0 ғалаба карданд. Аз онҳо ҳамин гунна бозиҳоро мухлисон интизоранд. Дар ин гурӯҳ вохӯрии дастаҳои Қатар бо Урдун ва Баҳрайн бо Кувайт мусовӣ 0 бар 0 ҷамъбаст шуданд Дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ироқ Бангладешро бо ҳисоби 6 бар 0 ва Уммон Малдивро 4 бар 0 мағлуб карданд.

Октябрь 28, 2011 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад