Мушоҳидаҳои имомхатибони тоҷик аз Кувайт

Октябрь 31, 2011 15:32

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ).- Бо мақсади бозомӯзии имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи кишвар  Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани донишу малакаи имомхатибон давраҳои бозомӯзиро дар ҳамкорӣ бо Маркази илмии Васатияти Давлати Кувайт ба роҳ монд.
 
Барои шинос шудан аз ҷузъиёти бештари давраҳои бозомӯзии имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи кишвар ба Давлати Қувайт хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Ҳусейн Шокиров, роҳбари дастгоҳи  Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии ҳайати гурӯҳи имомхатибонро бар ӯҳда дошт, мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мнгардонем.-Мӯҳтарам Ҳусейн Шокиров, бозомӯзии имомхатибон дар Қувайт аз кай шурӯъ шуд ва таассуроти Шумо аз Кувайт чӣ гуна аст?  -Сафари мо аз 16 октябри соли 2011 ба Давлати Кувайт шурӯъ шуд. Дар фурудгоҳи Кувайт моро Акбар Ҳакимов, яке аз тоҷиконе, ки ҳамчун намояндаи Маркази илмии Васатият фаъолият мекунад, пешвоз гирифта ба меҳмонхонаи Голидаe-ин ҷойгир намуд. Маркази илмии Васатият мақомоти давлатӣ буда, яке аз сохторҳои зертобеи Вазорати авқоф (Вазорати дин) мебошад ва байни дину давлат миёнаравӣ дошта, барои пешгирии тааассуб, ифротгароӣ, ихтилоф ва таҳаммулгароӣ фаъолият менамояд. Бояд қайд кард, ки  Марказ дар Амрикои лотинӣ ва дар якчанд мамлакатҳои Аврупо намояндагиҳои худро кушода мақсад дорад, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ низ марказҳои худро ифтитоҳ намояд. Марказ бо шахсоне ҳамкорӣ мекунад ва ё ба кор мегиранд, ки таҳаммулгароанд ва дониши хуби динию дунявӣ доранд.     Фазои андешаи динии Давлати Кувайт аз ҷониби Вазорати авҷоф (дин) идора ва назорат карда мешавад. Дар Кувайт 4 (чор) ҳазор масҷиди ҷомеи  панҷвақта ва 14 ташкилоти ғайриисломӣ расман фаъолият менамоянд. Тахминан дар 200 адади масҷидҳо  бинобар сабаби шароит надоштан намози ҷумъа барпо  намегардад. Дар боқимонда масоҷид намози ҷумъа барпо мегардад. Сохтмони масҷидҳо бо иҷозати Вазорати авқоф  ва бо гирифтани хулосаи дигар вазорату идораҳои дахлдор иҷозат дода мешавад. Ва дар ин давлат ба ғайр аз Вазорати амният ва Вазорати корҳои хоричӣ ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ дар як бино  ҷойгир шудаанд. -Дар Кувайт ҳайати Тоҷикистон дар кадом чорабиниҳо иштирок кард?-  17 октябр омӯзиши дарсҳои семинар оғоз гардид.   Мавзӯи якумро муовини Раиси Васатият доктор Усмон Абдураҳим пеш бурд. Дар вақти дарс гузаштан аз асбобҳои техникӣ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ  медод, ки моҳияти васатиятро аз лиҳози шариати ислом ба иштирокчиён фаҳмонида диҳад. Дарси дуввум дар мавзӯи «Ат таҷвид фил китоб ислом» буд ва онро Исмоили  Кубейси дарс гуфтанд.Рӯзи 19 октябр дар конфронси илмии адабӣ ва исломӣ, ки дар мавзӯи «Ҳаҷ» бо иштироки шоирону нависандагон, имомхатибон, меҳмонон ва телевизиони Кувайт аз ҷониби Маркази илмии Васатият ташкил шуда буд, иштирок намудем. -Мушоҳидаҳои Шумо аз Кувайт? -Хангоми мушоҳидаҳо маълум шуд, ки имомхатибон мавъизаи худро аз рӯи дастури Вазорати авқоф (дин) ба намозгузорон мехонанд. Баъдан мавъиза ва хутбаи намоз дар магнитофон сабт шуда, баъд аз анҷоми мавъиза имомхатиб дар ҳаққи давлату давлатдорон дуо мекунад. Баъди хотима ёфтани намоз имомхатиб дар  фита имзо гузошта, ба Вазорати авқоф барои шунидан мефиристад. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи мавъизаҳо зери назорати Вазорати авқоф карор доранд. Имомхатибон ва имомҳо аз ҷониби Вазорати авқоф маош мегиранд. Дар Давлати  Кувайт, хосатан мадрасаи динӣ вуҷуд надорад. Чунки таълими динӣ (Қуръон, ҳадис, фиқҳ ва усул) дар ҳамаи мактабҳои Давлати Кувайт омӯзонида мешавад. Имомхатиби масҷиди чомеъ Аҳмад ибни ал-Басом ғайр аз имомхатибӣ дар ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи «Ҷамъияти башоир-ул- хайр» кор мекунад. Ин ташкилот бо мақсади табобати касалиҳои нашъамандӣ созмон дода шудааст. Ташкилот бо беморхона ва маҳбасхонаҳо ҳамкорӣ дошта, ба муолиҷаи бемориҳои нашъамандӣ кӯмак мекунад. Аз давраи фаолият то ба имрӯз 400 нафар марду занро табобат намуда, аз роҳи истеъмол намудани маводи мухаддир баргардондааст. Ин ташкилот дар дигар мамлакатҳо марказҳои худро дорад. Фаъолияти ин ташкилот зери назорати давлат буда, аз ҷониби давлат ва шахсони алоҳидаи сармоядор маблағузорӣ мешавад. Роҳбари ин ташкилот Абдулҳамиди Қосим мебошад. Бегоҳи рӯзи 21 бо даъвати Аҳмад ибни ал- Басом гурӯҳи корӣ ба ин ташкилот ташриф овард. Аз бино, утоқҳои корӣ дидан намуда, бо кормандон ва нафароне, ки аз табобати онҳо шифо ёфта буданд, ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷониби ташкилот маводи методӣ доир ба пешгирии касалиҳои нашаъмадӣ тақсим гардид.  Намояндаи Васатият рӯзи дигар барнома ва тартиби баргузории семинарро ба иштирокчиён фаҳмонид.
 
Рузи 19 октябр ба Маркази илмии «Аквариум» рафтем. Марказ дар соҳили баҳри халичи Форс сохта шудааст. Рӯзҳои чоршанбе хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ҷиҳати шиносоӣ бо таърихи кишвари худ ба ин ҷо меоянд. Аз сӯҳбат бо кормандони Маркази илмии Васатият маълум гардид, ки хонандагони мактабҳо дар вақти таҳсил либоси ягона дар бар мекунанд. Дар аквариум нигораҳои дастовардҳо ва таърихи гузаштаи Давлати Кувайт гирд оварда шудааст. Аҷибаш дар он аст, ки ҳамаи таърихи  гузаштаи Кувайт дар компютер сабт шудааст. Меҳмонон ва ё бинанда метавонад бидуни роҳбалад   дар бораи таърихи кишвар, дастовардҳои фарҳангӣ, илмию эҷодӣ, олами ҳайвоноти ёбоӣ, обӣ, даштӣ, паррандаҳо ва  растаниҳо маълумоти зарурию тадриҷии компютерӣ пайдо намояд. Бинои Маркази илмии  «Аквариум» дар шакли киштӣ ва умуман қисми зиёди биноҳои ҳозиразамон дар ҳамин шакл сохта мешавад. Мардуми Кувайт дар чунин ақидаанд, ки тарзи чунин сохтмон онҳоро аз асли гузаштаи хеш воқиф мегардонад. Дар меҳмонхонае, ки мо иқомат доштем, рӯзҳои ҷумъа ва шанбе, ки рӯзҳои истироҳат ба ҳисоб мераванд,  тӯйҳои арӯсу домодӣ низ баргузор мешуд. Рафти гузаронидани тӯйҳоро низ мушоҳида намудем. Иштирокчиёни тӯй тахминан 50-60 нафарро аз ҷумлаи хешу таборон ва ёру дӯстони наздик ташкил медиҳанд. Тӯй тахминан ду ва ё се соат давом мекунад. Зимни сӯҳбат бо кормандони Вазорати авқофи ин кишвар маълум гардид, ки ба ҳаҷ сафарбар намудани шаҳрвандонро   ширкатҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати авқоф (дин)  ба анҷом мерасонанд. Ҳаҷи инфиродӣ бинобар сабабе, ки дар мавсими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад, иҷозат дода намешавад.
 
Маврид ба зикр аст, ки баъди  анҷоми  давраи бозомӯзӣ ҳайати гурӯҳи кории Тоҷикистонро муовини аввали вазири авқоф  Одил Абдуллоҳ- ал -Фаллоҳ қабул намуда, перомуни  мақсаду ҳадафҳои таъсисёбии Маркази илмии Васатият маълумот дода, ҳамзамон, ба иштирокчиёни семинар шаҳодатномаҳои хатми давраҳои бозомӯзиро ботантана тақдим намуд. -Ташаккур барои сӯҳбат

Октябрь 31, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст