«Накҳати Кашмир»-ро «Адиб» рӯи чоп овард
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Накҳати Кашмир»- чунин ном дорад маҷмӯаи нахустини ашъори шоири тоҷик Саидбег Саидӣ, ки онро нашриёти «Адиб» чоп намудаст.Дар маҷмӯа, шеъру ғазалиёти дар солҳои гуногун эҷоднамудаи адиб, ки тараннумгари меҳру муҳаббат, садоқат ба ватан, зебоиҳои табиати сарзамин, дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат ва беҳтарин фазилатҳои неки инсонияед, гирд оварда шудаанд. Шеъру ғазалиёти шоир аз қабили «Ватандор», «Тоҷикистон», «Вахши зарбахш», «Тоҷмаҳал», «Кашмир», «Оромгоҳи Бедил», «Мумбай», «Духтари тайландӣ», «Ҳолӣ муборак», «Озаридухтар, «Илоҳо ёбад зафар», «Як даста гул», «Орзу», «Устод», «Духтари панҷобӣ», «Хазонрез», ки дар маҷмӯа дастабандӣ, гардидаанд, аз тахайюлоти бою рангини адиб шаҳодат медиҳанд.Шоири шинохтаи тоҷик Хайрандеш, муҳаррири масъули маҷмӯаи мазкур буда, адиби маъруф Зиё Абдулло муҳаррири бахши нашриётии маҷмӯа аст.Маҷмӯа бо забони тоҷикӣ, ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ бо теъдоди 1000 нусха бо сифати баланд ба табъ расидааст.Саидбег Саидӣ дастпарвари бахши арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 1984-1987 дар Ҷумҳурии Алҷазоир ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст.Солҳои 1993-1995 дар Академияи дипломатияи назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таҳсилро бо баҳои аъло ба анҷом расонида, солҳои 1994-2002 дар вазифаи котиби дуввуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кор карда, дар соли 1999 рисолаи номзадиашро дар бахши ҳуқуқи байналмилалӣ дар Маскав дифоъ намуд. Ҳамзамон, зарфи солҳои 2002-2006 ба ҳайси мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ ва мудири шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ифои вазифа намуда, баъдан Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва аз соли 2008 то имрӯз Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон аст.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






