Намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд

Октябрь 24, 2011 16:50

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», воқеъ дар маҳаллаҳои 12-ум ва 20-уми  шаҳри  Хуҷанд,  ҳамчунин дар шаҳрҳои  саноатии Чкалов, Табошар ва Қайроққум 22 – октябри соли равон аз тарафи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят намоиш ва фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.   Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки  дар он  фурӯши маҳсулоти мавриди  ниёзи мардум, аз қабили гӯшт, биринҷ, орд, равған, асал, шакар, мош, лӯбиё, тухм, мева, сабзавот роҳандозӣ гардид.Маҳсулоти кишоварзие, ки ба фурӯш бароварда шуд,   дар маҷмӯъ 326,49 тоннаро ташкил дода, нисбат ба нархи миёнаи бозорҳои шаҳри Хуҷанд 20-30 фоиз арзонтар  ба мардум фурӯхта шуд.   Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» 7 тонна орд, шакар, биринҷ ва Иттифоқи матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 30 тонна маҳсулоти ниёзи мардумро ба фурӯш баровард.

Октябрь 24, 2011 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад