Намоишгоҳҳои миллию байналмилалӣ доир мешаванд

Октябрь 5, 2011 17:10

Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). — Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шариф  Саид ба  ифтихори  солгарди  иҷлосияи  ХУ1 тақдирсози  Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   бо  дастгирии  Ҳукумати  кишвар  дар  шаҳри  Душанбе  ва минтақаҳои  мамлакат  20  намоишгоҳу  ярмаркаҳои  миллию  байналмилалӣ  ташкил  карданист. Дар  ин  бора  ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  дар  маркази  матбуоти Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз доир намудани  намоишгоҳҳо рушду  густариш   бахшидани  равобити  тиҷоратию  иқтисодии  байни  кишварҳои  Ғарб ва  Шарқ,  ворид  шудан  ба бозорҳои  якдигар,  ҷалби  сармояҳои  хориҷӣ  дар  заминаи  технологияҳои  навтарин  ва  ташкили  ширкатҳои  муштарак  мебошад,  зеро   чунин намоишгоҳҳо  имкон  медиҳанд, ки  буҷаи  давлат  мунтазам  ғанӣ  гардонида  шавад.  Бояд  зикр  намуд, ки  маҳз  иҷлосияи  ХУ1  таърихии  Шӯрои Олӣ, ки   16  ноябри  соли  1992  дар  Хуҷанд  баргузор  гардид,  оғози  таърихи   нави   кишварамон  маҳсуб  мешавад. Иҷлосияи таърихӣ  таҳкурсии  мустаҳками   барқарор  намудани  тартиботи  конститутсионӣ,  таҳкими пояҳои   давлатдорӣ,  рушди ҳамфикрӣ,  ризоият ва  соҳибихтиёрии  миллиро  гузошт. Дар  иҷлосияи таърихӣ  Президенти  ҳозираи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  аксарияти  овозҳо  Раиси  Шӯрои  Олӣ  интихоб  гардида буд.   Ӯ  тавонист, ки  қувваҳои  солимфикри  ҷомеаро  муттаҳид  намуда,  кишварро  аз бесару  сомониҳои  ҷамъиятию  сиёсӣ  раҳо  дода,   ба  қалби  халқ  ҳисси  боварӣ  ба фардоро  ҷойгир  намояд. Дар  он  вақт  шиори  асосӣ  иборат  аз  муттаҳидсозии  халқ  буда,  қувваҳои  солимфикри  сиёсӣ  роҳи  бунёдкорӣ,  ҳамфикрӣ  ва  гуфтушуниди  сулҳомезро  интихоб  карда буданд. Дар  иҷлосияи  таърихӣ   нуктаҳои  асосии  сиёсати  таҳаммулпазирии  ҷамъиятию  сиёсӣ  ва  байнимиллии  дохилӣ муайян  карда  шуданд.

Октябрь 5, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид