Нигаронии терминалҳо

Октябрь 31, 2011 11:30

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар маҷлиси Шӯрои директорони ассотсиатсияҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар (НАМ)- и вилояти Суғд роҳбарони терминалҳо аз Корхонаи воҳиди давлати (КВД)-и  «Маркази сертификатсиякунонӣ» изҳори нигаронӣ намуданд. Ба гуфти роҳбарони терминалҳо,  КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» бе базаи истеҳсолӣ ва бе таҷҳизоти зарурӣ фаъолият намуда, сертификатсиякунониро  бе гузаронидани санҷишҳои зарурӣ анҷом медиҳад, ҳол он ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 4 – уми марти соли 2002 гузаронидани сертификатсиякунонии сифати техникии  воситаҳои нақлиёт ба зиммаи базаҳои технологӣ вогузор шудааст.Ба гуфти сарвари филиали Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбари ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Н. Шарипов КВД «Маркази сертификатсиякунонӣ» баъди таъсис ёфтанаш (1. 03. 2011) сертификатсиякунониро ба зиммаи худ гирифта, базаҳои технологиро аз он озод намуд, ки дар натиҷа нархи хизматрасонӣ се маротиба боло рафт.

Октябрь 31, 2011 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид