Нотавонбини хислати мардон набувад
(дар ҳошияи мақолаи «Дин насиҳат аст»,сомонаи «www.ruzgor.tj», 15.09.2011 ва мақолаи «Пули ҳаҷро, кӣ мехўрад? дар рўзномаи «Имрўз NEWS» №169 (243) аз 16.09.2011)Баъд аз таъсис ёфтани Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар фаъолияти он натиҷаҳои назаррасе ба чашм мерасад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ин ҳамоҳангсозии робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ мебошад, ки дар ин самт дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дигаргуниҳои куллӣ мушоҳида мешаванд. Соли равон Кумита ташкили ҳаҷро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба роҳ монда, квотаи 5500 нафар зоиронро нисбат ба теъдоди аҳолӣ мутаносибан тақсим намуд. Ҷиҳати интиқоли ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ дар мавсими «Ҳаҷ – 2011» Кумита тибқи талаботи протоколи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо КВДҲ «Тоҷик эйр» ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» шартномаҳои парвозҳои чартериро ба имзо расонид. Нархномаи хизматрасониҳои Кумита ба ҳоҷиён дар мавсими «Ҳаҷ – 2011» муайян шуда ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуд. Мутаассифона, дар таърихи 15.09.2011 бидуни далелу арқоми шайъӣ аз тариқи сайти интернетии «Рўзгор» пахш гардидани мақолаи рўзноманигор Амруллои Низом ва ҳамзамон дар рўзномаи «Имрўз NEWS» №169 (243) нашр шудани ин мақола дар 16.09.2011 моро водор сохт, ки андешаҳои худро перомуни мақолаи мазкур бо далоилу арқом манзур гардонем ва битавонем хонандаро аз воқеияти ҳол ба таври дуруст огоҳ намоем. Агар ҳадаф таҳлили фаъолияти Кумита дар ин самт бошад, пас аз рўи инсоф бояд дар муқоиса ба солҳои пешин ба мизони ақл ва хирад гузошта шавад. Дар мадди аввал қимати сафари ҳаҷ солҳои охир ва вазъи буду боши шаҳрвандон дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаи кишвари Саудӣ таҳлил шавад. Барои мисол қимати сафар ва буду боши ҳаҷ бо чунин шароитҳо соли 2009—3450 долар буд ва ёдрас мешавем, ки интиқоли ҳоҷиёнро ҳавопаймоҳои хориҷӣ анҷом медоданд. Бо таъсиси Кумита ва саъю талоши бевоситаи раиси он соли 2010 қимати сафари ҳаҷ ба 3191 доллари амрикоӣ паст фуромад. Ин дар сурате буд, ки хизматрасонӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар шуда, хўрок барои ҳоҷиён се маротиба дода шуда, вазъи меҳмонхонаҳои Макка ва Мадина хеле беҳтар гардид. Аввалин маротиба ҳоҷиёни Тоҷикистон чун ҳоҷиёни Туркия ва Эрон сару либоси хоси худро доштанд. Соли равон новобаста аз он ки хизматрасонӣ дар кишвари Саудӣ нисбатан паст шуда аз 1565 ба 1525 доллар поин омад (40 доллар барои як ҳоҷӣ дар маҷмўъ 220 ҳазор доллар), бо сабаби болоравии нархи сўзишвории ҳавопаймоҳо нархи он боло рафта, 1650 доллари амрикоро ташкил намуд.Боиси таассуфу нигаронист, ки даъвои ин гурўҳ пеш аз ҳама сари масъалаи баланд будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо (рафту баргашт), ки 1650$-ро ташкил медиҳад, идома дорад. Рўзноманигорон инро дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя мавриди интиқод қарор додаанд. Дар робита ба ин метавон чанд далелро ном бурд.1. Нархи имсолаи «Ҳаҷ-2011» бо сабаби қиматшавиии сўзишворӣ нисбат ба солҳои пешин каме боло рафт. Вобаста ба баланд шудани нарх бархе аз ашхоси алоҳида сабабҳои воқеии онро нодида гирифта, ин ҳолатро сунъӣ хондаанд. Беҳтар мебуд, агар рўзноманигорони мўҳтарам болоравии қимати маводи сўхтро тайи як соли охир худ муқоиса мекарданд ва он гоҳ мефаҳмиданд, ки дар ин амр Кумита гуноҳ надорад. 2. Сабаби дигари баланд будани нархи чиптаи парвозҳои маъмулӣ дар он аст, ки ҳавопаймо аз як тараф, яъне Душанбе – Ҷидда ҳоҷиёнро интиқол дода, ҳангоми бозгашт бидуни мусофир бармегардад. Баъдан, баъди адои фаризаи ҳаҷ тайёраҳо аз Душанбе холӣ барои овардани ҳоҷиҳо ба Ҷидда парвоз мекунанд. Яъне ин амалро ду дафъа анҷом додан лозим меояд, ки хоҳ-нохоҳ ба болоравии нархи ҳавопаймо оварда мерасонад. 3. Дар иртибот ба нархи меҳмонхонаҳои Арабистони Саудӣ бояд зикр намуд, ки барои возеҳтару равшантар сохтани масъала рўзноманигорон масъаларо бояд пўхтатар меомўхтанд ва баъдан онро мавриди интиқод қарор медоданд. Аз ҷумла тариқи Радиои Озодӣ фаъолияти кормандони Кумитаро зери интиқод қарор дод, дар сўҳбати баъдӣ куллан аз гуфтаҳои худ мункир мешавад. Ин тўҳмати рўйрост аст, ки гўё масъулин ба онҳо ҳақиқатро намегуфта бошанд ва ё аз мусоҳиба бо онҳо худдорӣ мекарда бошанд. Гоҳҳо мешавад, ки рўзноманигоре ба Кумита паи гирифтани маълумот ташриф меорад, вале масъулин маҳз дар ҳамин давра машғули корҳои тадорук мебошанд ва ин маънои онро надорад ки онҳо ба суолҳои эшон посух доданро рад рад мекарда бошанд. Беҳтар мебуд, агар рўзноманигор қабл аз ташрифи худ ба Кумита занг мезад ва мавзўи баҳсро дар миён мегузошт. Гузашта аз ин пеш аз пода чанг андохтан аз рўи одоби рўзноманигорӣ нест.
4. Дар хусуси тафовути нархи меҳмонхонаҳо дар нисбати муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бояд зикр намуд, ки нархи меҳмонхонаҳо вобаста ба мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавиашон нисбати Ҳарам дар шаҳри Маккаи мукаррама фарқ мекунанд. Нархи меҳмонхонаҳои ба Ҳарам наздик қимат буда, вобаста ба дуршавии масофа арзонтар мешаванд. Чанд соли охир ва соли равон меҳмонхонаҳои зоирони Тоҷикистон дар масофаи 2-3 км дуртар аз Ҳарам қарор гирифтаанд, ки нархи онҳо вобаста аз мавқеъи ҷойгиршавиашон мебошад. 5. Меҳмонхонаҳои баъзе кишварҳои ҳамсояи мо солҳои қаблӣ аз Ҳарам дар масофаи 10-12 км қарор доштанд, ки албатта нархи онҳо арзон аст. Набояд фаромўш кард, ки барои зоирон меҳмонхона ҳарчи ба Ҳарам наздиктар бошад, беҳтар аст. Зоирон вақти дилхоҳашон метавонанд ҷиҳати панҷ вақт адои намоз бидуни масрафе вориди Ҳарам шаванд. 6.Масъалаи дигар мусоид намудани шароитҳои зоирин аст. Масалан, барои ҳоҷиёни мо хизматрасонии тиббӣ, се вақт хўрок, авоид (боҷи шоҳӣ), пардохти меҳмонхонаҳо дар Маккаю Мадина дар давоми 30 рўз, қурбонӣ, сару либос ва нигаҳдории анҷомҳояшон аз маблағи умумӣ 3448$ пардохт намудаашон анҷом дода мешавад. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки маросими ҳаҷ дар чанд соли ахир сифатан беҳ гардида истодааст. Масалан, соли 2010 ҳоҷиёни Тоҷикистон бори аввал бо либоси ягона, ҷузвдон бо аломати парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, овезаҳои махсус бо сабти ному насаб ва рақами шиносномаи ҳоҷӣ, меҳмонхонаҳои дорои ҳуҷраҳои катдор, оби гарму хунук, хунуккунакҳои замонавӣ, нақлиёти мунтазам ва маводҳои доруворӣ таъмин шуданд. Ин гуна имтиёзҳоро на ҳама кишварҳои ба мо ҳамсоя барои ҳоҷиёни худ фароҳам овардаанд. Агар чунин аст, пас бояд худ қазоват кунем, ҳамаи хидматрасониҳои зикршуда барои ҳочиён дар тўли 30 рўз чӣ қиматеро дар бар хоҳад гирифт. Албатта, ҷониби Тоҷикистон ҳам метавонист, ки дар сурати истисно намудани чунин имтиёзҳо нархи ҳаҷро ба монанди кишварҳои ҳамсоя пойин ва шояд аз онҳо дида арзонтар намояд, вале масъулини Кумита ҳама паҳлўҳои корро омўхта, ҷиҳати фароғату осонии буду боши ҳоҷиён чунин тасмимро гирифтанд. Бинобар ин шахсоне, ки аз кору бори ҳаҷ хабар надоранд ва боре ба зиёрати хонаи худо нарафтаанд, аз мушкилоти масъулин ва ё роҳбаладон бохабар буда наметавонанд. Дар ин маврид бузургони мо барҳақ гуфтаанд:Макун бовар суханҳои шунида,Шунида кай бувад монанди дида.Рўзноманигори «www.ruzgor.tj» Амруллои Низом рўйрост дурўғ гуфта, аз номи Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳи Аъзамхон далелеро овардааст: «Ин дар ҳолест, ки вақте Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳи Аъзамхон, собиқ сархатиби масҷиди Сари Осиёи пойтахт, собиқадори 18 каратаи ҳаҷ, соли 2010 ҳангоми охирин сафари худ ба Ҳаҷ, вақте дар Мадинаи мунаввара буд, зимни сўҳбат бо «Имрўз News» нигаронӣ аз он кард, ки набояд имсол низ дар интихоби роҳбаладон масъулини Кумита оид ба корҳои дин саҳлангорӣ кунанд, зеро дар мавсими ҳаҷҷи соли гузашта шахсони тасодуфии роҳбалад хеле зиёд ба назар мерасид ва агар муболиға нашавад, 75 дар сади роҳбаладон ҳангоми адои маросими ҳаҷ тасодуфӣ роҳ ёфта буданд ва баъзе аз онҳо аҳкоми ҳаҷро донанд ҳам, ба мардум хизмат намекарданд. Вай боз чунин мегўяд: «Соли гузашта шоҳиди он будам, ки ронанда, дастархонпарто ва масъулине аз бахши «Танзим ва расму оинҳо» барои роҳбаладӣ фиристонда шуда буданд, ки баъзе аз он бечораҳо то ҳол сарашонро ба саҷда назада буданду дар сафи намоз наистодаанд ва аҳкоми ҳаҷро низ худашон намедонистанд, ин гуна роҳбаладон чӣ гуна ва чиро бояд ба зоирон бифаҳмонанд?!!»… Ин гуфтаҳоро мавсуф ба куллӣ такзиб карда, ки мо онро рўзҳои наздик ба шакли мақолаи алоҳида барои чоп ба рўзнома хоҳем супурд ва хонанда аз ин маълумот огаҳӣ пайдо намуда, худ қилро аз хамир ҷудо менамояд. Ҷои шакку тардид нест, ки Амруллои Низом дар тўҳмату дурўғ ҳамто надоштааст. Доир ба масъалаи ҳиссаи Кумита дар қисмати хизматрасонӣ ба ҳоҷиён ва маблағи ҳаққи хизмат дар баробари корҳое, ки Кумита анҷом медиҳад, қобили қиёс нест. Маблағҳои мазкур ҷиҳати хизматрасонӣ барои ҳоҷиён сарф мешавад. Дар ин ҷо анҷом додани корҳои ташкилӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, сафарҳои хизматии қабл аз маносики ҳаҷ, гузаронидани озмун барои роҳбаладон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ғайраҳо низ ба ҳамин шомил мешаванд. Илова бар ин, як миқдор пасандозе, ки фаразан аз мавсими ҳаҷ боқӣ мемонад, ба корҳои хайриявӣ, ки Кумита дар тўли фаъолияти худ анҷом медиҳад, масраф мегардад. Масалан, аз ибтидои соли 2011 шумораи кўмакҳо ба мактаб-интернатҳо, кўдакистонҳо, оилаҳои камбизоъат, инчунин расонидани кӯмак дар арафаи ҷашни иди Наврўз, Иди Ваҳдати миллӣ ва Иди 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ба маротиб афзуд. Ҳамчунин Кумита дар соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 120 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои сохтмони неругоҳи барқию обии Роғунро харидорӣ намуд. Баъд аз содир гардидани қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба баргардонидани донишҷўёне, ки дар муассисаҳои динии хориҷ аз кишвар ғарирасмӣ таҳсил мекарданд, Кумита дар ин кори хайр саҳм гузошт. PS. Ба иттилоъи рўзноманигорони мўҳтарам маълумоти зайлро мерасонем.Кишварҳои мусулмонии ба мо ҳамсоя барои ҳар як нафар зоир аз 3400 то 3800 доллари амрикоӣ барои буду бош дар меҳмонхона меситонанд, ки дар ин ҷо ду вақт хўрок ва авоид (боҷи шоҳӣ) дохил шуда, қурбонӣ дар назар нест. Меҳмонхонаи баъзеи ин кишварҳо аз Ҳарам дар масофаи 10 -12 километр дуртар дар шаҳрчаи Ал-Азизия қарор дорад.Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳар зоир 4500 доллари масраф менамояд. Шахсе, ки мехоҳад ба ҳаҷ равад, 10 сол бештар 2,7 ҳазор доллар месупорад ва мунтазири навбат мешавад. Шўъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.