Нозирони тоҷик ба Бишкек рафтанд
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳида аз ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Бишкек сафар карданд. Назар ба иттилои Абдуманнон Додоев, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон, ки аъзои он ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷараёни интихоботро мушоҳида менамоянд, аз узви Маҷлиси миллӣ Ҷамила Кенҷекулова, вакили Маҷлиси намояндагон Олим Сафаров ва сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Мирзомуродов иборат аст.Бояд зикр кард, ки дар интихоботи президенти Қирғизистон, ки 30 октябри соли 2011 баргузор мегардад, 19 нафар барои соҳиб шудан ба курсии Президенти Қирғизистон бо ҳам рақобат менамоянд. Комиссияи интихоботии Қирғизистон беш аз се миллион нафар раъйдиҳандагонро ба қайд гирифта, ба онҳо варақаҳои овоздиҳиро пешниҳод намудааст.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






