Нозирони тоҷик ба Бишкек рафтанд

Октябрь 28, 2011 13:49

Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳида аз ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба Бишкек сафар карданд. Назар ба иттилои Абдуманнон Додоев, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон, ки аъзои он ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷараёни интихоботро мушоҳида менамоянд,  аз узви Маҷлиси миллӣ Ҷамила Кенҷекулова, вакили Маҷлиси намояндагон Олим Сафаров ва сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Мирзомуродов иборат аст.Бояд зикр кард, ки дар интихоботи президенти Қирғизистон, ки 30 октябри  соли 2011 баргузор мегардад, 19 нафар барои соҳиб шудан ба курсии Президенти Қирғизистон бо ҳам рақобат менамоянд.  Комиссияи интихоботии Қирғизистон беш аз се миллион нафар раъйдиҳандагонро ба қайд гирифта, ба онҳо варақаҳои овоздиҳиро пешниҳод намудааст.

Октябрь 28, 2011 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад