Пешгирии қочоқи мухаддир аз вилояти Суғд ба Қирғизистон

Октябрь 4, 2011 11:10

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муштаракан бо Раёсати Ҷанубии Хадамоти Давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба назорати маводи мухаддир амалиёти байналмилалиро дар мавриди пешгирии қочоқи мухаддирот аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расониданд.Охири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни баргузории чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар як хонаи иҷоравӣ ба гумони фурӯши воситаҳои нашъаовар шаҳрвандон шаҳри Душанбе ва  ноҳияи Мастчоҳ дастгир шуданд. Ҳангоми кофтукови хона халтаи полиэтиленӣ кашф ва мусодира шуд, ки дар дохилаш бештар аз 5 кило ҳашиш ва наздик ба 1 кило героин дошт.Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки мухаддироти мусодирашуда бо мақсади интиқол ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ва аз он ҷо ба дигар кишварҳои ИДМ омода шуда будааст. Нисбат ба рафтори ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Амалиёти мазкур дар доираи “Протоколи ҳамкорӣ дар таъмини бехатарӣ аз маводи мухаддир дар ҳудуди наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон”, ки 5 майи соли 2011 миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон имзо шудааст, гузаронида шуд.

Октябрь 4, 2011 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон