Профессор А.Нуралиев 70 – сола шуд
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Имрӯз, 28 октябр, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба ҷашни солгарди доктори илми филология, профессор Абдусаттор Нуралиев конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми профессор А.Нуралиев ба рушди журналистикаи тоҷик» баргузор мегардад. Дар конфронс ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммадюсуф Имомов сарсухан мекунад. Иштирокдорони конфронс ҳамчунин гузоришҳоро дар мавзӯи «Фаъолияти илмию тадқиқотии профессор А.Нуралиев» ва «Саромади таҳсилоти журналистӣ ва илм» мешунаванд. Дар конфронс Ходими шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов, дотсенти кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пайванд Гулмуродов ва худи соҳибҷашн — А.Нуралиев суханронӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд






