Сафар мураббии мард асту…
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Раҳовард» чунин дорад маҷмӯаи таҳия намудаи корманди радиои Тоҷикистон Саидмуроди Хоҷазод, ки онро нашриёти «Адиб» ба тозагӣ нашр намудааст. «Раҳовард» аз сафаргуфтаҳо иборат буда, ба ифтихори20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудааст. Саҳми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти муҳими стратегӣ, пайванди минтақаҳо, барқарории сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон дар маркази сафаргуфтаҳои муаллифи маҷмӯа ва кормандони Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст. Дар маҷмӯа раванди бунёдкорию созандагӣ дар сарзаминамон таҷассуми худро ёфтааст.Муҳаббату садоқат ба ватан, саъю талоши соҳибватанӣ барои ободию шукуфоии сарзамин, ваҳдату ҳамраъйӣ меҳвари аслии сафаргуфтаҳои муаллифро ташкил медиҳанд.Маҷмӯаро манзараҳои дилфиреби кишварамон ва расмҳои кормандони Кумитаи радио ва телевизион, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гирифта шуда, шукӯҳи тоза бахшидаанд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






