«Саразм» минтақабоб гардид

Октябрь 10, 2011 15:39

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Шолии навъи «Саразм» дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардид. Офарандагони ин навъи шолӣ олимони маркази  таҷрибавии Панҷакент   мебошанд, ки  ба гирифтани 1 патент ва 3 шаҳодатномаи муаллифӣ  ноил гардидаанд,- гуфт котиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, танҳо дар натиҷаи тадқиқот ва тадбирҳои чандинсолаи  олимон имконияти  пайдо намудани шолии серҳосил ва тезпазак пайдо гардид, ки ба он аз рӯи минтақаи парваришёфтааш  номи «Саразм» дода шуд. Ба гуфти Д. Комилзода, дар як хӯшаи шолии «Саразм» беш аз 100 дона биринҷ мавҷуд аст, ки ин нодиртарин  комёбии илмӣ  дар  соҳаи шолипарварӣ мебошад. Соли оянда ин навъ дар саросари  хоҷагиҳои шолипарвари ҷумҳурӣ парвариш хоҳад шуд.

Октябрь 10, 2011 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд