«Саразм» минтақабоб гардид
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Шолии навъи «Саразм» дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардид. Офарандагони ин навъи шолӣ олимони маркази таҷрибавии Панҷакент мебошанд, ки ба гирифтани 1 патент ва 3 шаҳодатномаи муаллифӣ ноил гардидаанд,- гуфт котиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, танҳо дар натиҷаи тадқиқот ва тадбирҳои чандинсолаи олимон имконияти пайдо намудани шолии серҳосил ва тезпазак пайдо гардид, ки ба он аз рӯи минтақаи парваришёфтааш номи «Саразм» дода шуд. Ба гуфти Д. Комилзода, дар як хӯшаи шолии «Саразм» беш аз 100 дона биринҷ мавҷуд аст, ки ин нодиртарин комёбии илмӣ дар соҳаи шолипарварӣ мебошад. Соли оянда ин навъ дар саросари хоҷагиҳои шолипарвари ҷумҳурӣ парвариш хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






