«Сарнавишти ҷавондухтарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ»

Октябрь 10, 2011 15:37

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад).  —  Бори нахуст дар «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси аъзои Шӯрои марказии иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар мавзӯъҳои «Ҷавонон ва ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатй», «Омилҳои муҳоҷирати меҳнатии донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва роҳҳои пешгирии он»,  «Сарнавишти ҷавондухтарон дар муҳоҷирати меҳнатй» мизи гирд доир гашт. Бояд гуфт, ки  бештари аъзои ин созмон ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мебошанд. Адҳам Мирсаидов- роҳбари созмони мазкур гуфт, ки ҷомеае, ки нав ба демократия қадам мегузорад, баъзе равандҳоеро аз сар мегузаронад, ки он ба ҷомеа бе таъсир намемонад. Яке аз ин равандҳо раванди муҳоҷиратй меҳнатй мебошад. Вай ҳамчунин гуфт, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатй мушкилии танҳо Тоҷикистон нест.  Давлатҳои тараққикардае ҳастанд, ки шаҳрвандони онҳо ба муҳоҷират сафар мекунанд. Айни замон он чиз нигаронкунанда аст, ки баъзе ҷавонони мо ҳангоми ба муҳоҷират сафар кардан аз ҳуқуқҳои хеш бехабаранд ё забони русиро намедонанд. Аз ин хотир зери таҳқиру таҳдиди дигарон қарор мегиранд. Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчунин ба ҳозирин гуфтанд, ки байни ҷавонони мамлакат дар мавзӯъҳои ҳуқуқу ӯҳдадории онҳо ва омӯхтани забонҳои русй корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ мегузаронанд.

Октябрь 10, 2011 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд