Семинар доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ

Октябрь 8, 2011 11:51

Кӯлоб, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» бо иштироки намояндагони ҳукумати шаҳри Кӯлоб, намояндаи хадамоти муҳоҷират ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчиён перомуни масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирон дар хориҷи кишвар табодули назар намуданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи зикргардида, дар баробари проблемаҳои гуногуни имрӯза аз масоили доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Мизи мудаввар на танҳо барои маълумоти бештар гирифтани иштирокчиёни семинар, балки барои дар амал роҳандозӣ кардани фикру ақидаи онҳо доир гардид. Гузаронидани чунин семинар ва мизҳои мудаввар бо мусоидати ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар дигар вилоятҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 8, 2011 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд