Ш.Саид: «Чин ба сегонаи асосии шарикони Тоҷикистон шомил аст»
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни сафараш ба шаҳри Чэндуи музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар кори «ЭКСПО 12 — уми байналмилалии Чини Ғарбӣ» бо президенти Кумитаи мададгори савдои байналмилалии музофоти Сичуан Ли Ган гуфтушунид намуд.Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат масоили муҳими рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мавриди муҳокима қарор доданд.Ба гуфти Шариф Саид Чин яке аз шарикони асосии бахши тиҷорати Тоҷикистон мебошад. ҶМЧ аз соли 2005 инҷониб ба сегонаи асосии шарикони Тоҷикистон дар бахши ҳамкории иқтисодӣ маҳсуб мешавад. «Дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муомилоти моли байни ҳар ду кишвар тақрибан 15 баробар афзуд», — гуфт раиси Палатаи савдо ва саноат. «ЭКСПО 12 — уми байналмилалии Чини Ғарбӣ» таҳкурсии муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории серсоҳаи байни Чин ва кишварҳои АвруОсиё, аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, — гуфт дар навбати худ Ли Ган.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






