Ташрифи шахсони воломақом ба Тоҷикистон
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Фаҳим ба Тоҷикистон ташриф меорад.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташрифи ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Фаҳим ба Тоҷикистон 26-29 октябри соли ҷорӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз 26 то 27 октябри соли ҷорӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морел аз Тоҷикистон боздид менамояд.Манбаъ инчунин иттилоъ дод, ки аз 30 октябр то 1 ноябр Аълоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба кишвари мо сафар мекунад.