ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД…

Октябрь 5, 2011 17:22

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Хабари тозае, ки тавассути муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси хонандагон гардид, чопи маҷмўаи очерку мақолаҳои рўзноманигор, собиқ сармуҳаррири бахши хориҷӣ радиои Тоҷикистон Раҷабалӣ Қудратов зери унвони «Назми ҷаҳонтоб» аст, ки ёд аз ҷашнвораҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ устод Мирзо Турсунзода мекунад. Маҷмӯа бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Маводи дар ин маҷмўа ҷамъовардаро то дараҷае метавон зиндагиномаи Қаҳрамони Тоҷикистон– устод Мирзо Турсунзода номид. Муаллиф то андозае кўшидааст, ки дар маҷмўа аз назараш ягон саҳифаи роҳи ҳаёти пурбаракату маҳсули эҷоди шоир дур намонад. Муаллиф дар баъзе лаҳзаҳо бо овардани сухани ҳакимона хонандаро водор месозад, ки амиқтар андеша кунад, то қадру манзалати саромадони миллати хешро фаротар бишносад ва ба истедоди баланди онҳо, ки каломашон реша ба умқи назми ҳазорсолаи халқи худ дошта, дар тарбияи наслҳо заминаро гузоштаанд, ҳифз намояд. Дар маҷмўа давраи бачагӣ, мактабхонӣ, таҳсил дар дорулмуаллимин ва қадамҳои устувори дар кори эҷодӣ гузоштаи шоир, ки бо маншаъ аз шарари ғазалиёти Ҳофиз дар мазраи дили пурэҳсоси ў сухани нобу шеворо фурӯ рехта буданд, хуб ба қалам дода шудааст. Муаллиф аз мактаби бузурги адабиёти классикии тоҷику форс сабақ омӯхтани шоирро чун шадда ба риштаи сухан кашида, дар дили ӯ шавқу шарар ангехтани ғазалҳои шӯрангези Ҳофизу Саъдӣ, Низомию Ҷомиро, ки сеҳри суханро барояш додаанд, хеле ҷолиб пешниҳоди хонанда гардонидааст. Раҷабалӣ Қудратов дар ин маҷмўа ёддошти мухтасари баргузории ҷашнҳои солгарди устод Мирзо Турсунзодаро аз 50 то 90 солагӣ дар шакли гузоришҳои ҷолиб пешниҳоди хонандагон намудааст. Хонандаи закӣ ва борикбин тавассути ин маҷмўи аз он воқиф мегардад, ки бо дархости аҳли ҷомеа ва бо ибтикори Ҳукумати вақти Тоҷикистон унвони ифтихории «Шоири халқии Тоҷикистон» муқаррар гардида, тибқи фармони Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҷашни 50-солагии зодрўз ва 30- солагии фаъолияти эҷодӣ нахустин унвони ифтихорӣ ба адиби маъруф, ходими ҷамъиятию давлатӣ, раиси Кумитаи сулҳи Осиёю Африқо Мирзо Турсунзода дода шудааст. Ба муаллифи маҷмўа муяссар шудааст, ки шахсиятҳоеро, ки бузургии Турсунзодаро аз як ҷашнвора то ҷашнвораи дигар бузургтар, равонию салосати шеърашро тароват ва рангу бўи нав додаанд, пайдо кунад, ки яке перомуни шеъри ноби шоир ҳарфе сутуда бошад, дигаре аз муборизаҳои шоир баҳри саодати инсоният ва саввумӣ аз хислатҳои баргузидаи шоир омиронаю олимона суханронӣ кардаанд. Як нукта боиси таъкид аст, ки ҷашни 60 солагӣ охирин дидорбинӣ бо саромадони адабиёти олам барои шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода буд, ки онро дар дили оташбор ва сулҳофараш бо худ бурд. Ин бузургиро муаллиф аз забони шоири рус Николай Тихонов дар маҷмўаи очерку мақолоти худ, ки дар ҷашни 60-солагии адиби нуктапардоз аз минбари ҷашнвора садо додааст, овардааст: «Силсилакӯҳҳои Ҳисору Помир бо он ҳама бузургиву баландӣ аз Мисру Порис ва дигар мамолики ҷаҳон ба назар наметобанд, аммо ном ва назми Турсунзода чун қуллаи тобон аз ҳар гўшаи ҷаҳон намоёнанд». Ҳар қадар ки ҷашнвораҳои шоир боло мерафт, ҳамон қадар шўҳрату шаҳомати шоир миёни мардум боло мегирифт. Хонанда худ метавонад бо мутолиаи маҷмўа аз ҳақиқати таърих ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати ў дар парвозҳои баланд ҳамбол ва ҳамнафас будани Мирзо Турсунзодаро бо истиқлолияти Тоҷикистон хулосабарорӣ кунад. Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки гуфтааст: «Меҳри Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неку дурахшони фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард». Месазад, ки дар ҳошияи гуфтаҳои Сарвари давлат байтеро аз пайғамбари ғазал – ҳазрати Саъдӣ ёдрас шавем, ки гуфтааст: Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Октябрь 5, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид