Дар Роғун боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Кишоварзӣ аз соҳаҳои афзалиятноки минтақаи Роғун мебошад. Назар ба иттилои муовини раис доир ба соҳаи кишоварзӣ Зиёратшо Мӯсоев соли ҷорӣ бо маблағи Вазорати кишоварзӣ аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғд 20 тоннаю 400 кг тухмии аълосифати картошка ворид гардида ва дар 13 гектар замини бекорхобидаи Ғашён кишт шуд. Зиёратшо Мӯсоев афзуд, ки айни замон 34 гектар боғи нав бунёд гардида, 6 гектар боғи кӯҳна то имрӯз аз нав барқарор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8 гектар зиёд аст.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






