Эҳтиёт аз сӯхтор

Ноябрь 12, 2011 10:17

Кӯлоб,  12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар  асари  беэътиноии   шаҳрвандон  дар  фасли  сармо  сар  задани  сӯхтор  дар  хонаҳои  шаҳрвандон   ва  корхонаю  ташкилот ба назар мерасад, ки дар  натиҷа  ба  иқтисоди  оилаҳо  ва  ташкилоту  идораҳо  хисороти  зиёди молӣ  ворид мегардад.  Бо  мақсади  пешгирии  ҳодисаҳои  сӯхтор  шӯъбаи Хадамоти  давлатии  оташнишонии минтакаи  Кӯлоб дар  меҳмонхонаи  «Хатлон» — и шахри  Кӯлоб машқи  омодабошӣ  доир  намуд.
 
Дар  он се  воситаи нақлиёти  соҳавӣ   ва  беш  аз  20  нафар  кормандони  хадамот  иштирок  намуда, ҳайати  шахсии  шӯъбаи Хадамоти  давлатии  оташинишонии  минтақа ва  кормандони  меҳмонхона аз  иҷрои  машқ сарбаландона  баромаданд.  Чунин  машқҳои  омодабошӣ дар  дигар  ташкилоту  корхонаҳо  низ  гузаронида  хоҳанд  шуд.

Ноябрь 12, 2011 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон